Барои гирифтани субсидияи манзил кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

    Буриши иҷтимоӣ 21 Yanvar 2022 3463

    Барои гирифтани сусид оид ба воми ипотекӣ шахсони ҷисмонӣ метавонанд мустақилона бо ариза ба Маркази хидматҳои давлатии ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и дилхоҳ муроҷиат кунанд ё дар Портали ягонаи хидматрасонии интерактивии давлатӣ номнавис гарданд.

    Анкета-ариза дар шакли электронӣ пур карда шуда, ба он ҳуҷҷатҳо ё маълумоти зерин дар шакли электронӣ замима карда мешаванд:

    маълумот дар бораи рақами мушаххаси шахси воқеӣ; маълумот дар бораи рақамҳои мушаххаси аъзои оилаи шахси воқеӣ ва нусхаҳои шаҳодатномаи ақди никоҳ (ҳангоми мавҷудияти оилаи пурра ва ақди никоҳ, инчунин фарзандони болиғ) ва (ё) шаҳодатномаҳои таваллуди кӯдакон (ҳангоми мавҷуд будани кӯдакони ноболиғ);

    - нусхаи шаҳодатнома дар бораи бекор кардани никоҳ бо тартиби муқарраршуда ё қарори суд дар бораи беэътибор донистани ақди никоҳ (дар мавриди бақайдгирии ақди никоҳ) ё маълумотнома аз бойгонии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (дар ҳолати ақди никоҳи ба қайд гирифтанашуда);

    - маълумоти дахлдор дар бораи рақами кадастрӣ ва намуди ҷои бақайдгирӣ дар ҷои истиқомати доимӣ (агар ҷои истиқомат бо ҷои бақайдгирӣ дар ҷои истиқомати доимӣ мувофиқат кунад);

    - нусхаи дафтарчаи хона ё карточкаи квартира аз ҷои бақайдгирӣ дар ҷои истиқомати доимӣ (агар ҷои истиқомат бо ҷои бақайдгирӣ дар ҷои истиқомати доимӣ мувофиқ бошад);

    - маълумотнома дар бораи даромад ва андоз аз даромади ситонидашудаи аризадиҳанда ва қарзгирандагон (декларатсияи андоз дар сурати мавҷуд будани даромади иловагӣ).

    Аз аризадиҳанда талаб кардани маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки дар рӯйхати боло нестанд, қатъиян манъ аст.

    Аз довталабе, ки барои гирифтани субсидия муроҷиат кардааст, талаб кардани ҳуҷҷатҳо (маълумотҳо), ки тавассути ХИ «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ» дастрас карда мешавад, манъ аст.

    Илова бар ин, аризаро барои гирифтани сусидия оид ба воми ипотекӣ аз номи муҳоҷири меҳнатӣ метавонад аъзои оилаи ӯ пешниҳод намояд.

    Хидмат ба аризадиҳандагон бепул пешниҳод карда мешаванд, хабар медиҳад канали ҳуқуқии Вазорати адлия.