Президент соҳибони хонаҳои навро муборакбод намуд

    Ҳукумат 2 Iyun 2021 7515

    Президент Шавкат Мирзиёев бо биноҳои истиқоматии шаҳри Тирмиз шинос шуд.

    Дар ин ҷо биноҳои нуҳошёнаи 208 ҳуҷрадор комат рост карданд. Деворҳои берунӣ дар се қабат пӯшонида шудаанд, ки ҳарорати мӯътадили манзилҳоро дар зимистон ва тобистон таъмин менамояд. Ҳар як хонадон бо дегхонаи мустақили гармидиҳӣ муҷаҳҳаз аст. Дар қабатҳои якум мағозаҳо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгиранд.

    Барои хидматрасонӣ ба хонаҳо ширкати идоракунӣ таъсис дода шудааст. Он кори электромонтёрҳо, челонгарон, мутахассисони газ ва лифтҳоро ба танзим медарорад. Инчунин дар назди ширкати идоракунӣ маркази таълимӣ мавҷуд аст, ки дар он ҷавонон метавонанд аз рӯи касбҳои коргарӣ барои хидматрасонӣ ба биноҳои истиқоматӣ таълим гиранд.

    Аввалин оилаҳо ба хонаҳо кӯч бастанд. Баъзеи онҳо дар асоси имтиёзҳои аз ҷониби давлат пешбинишуда соҳиби манзил шуданд.

    Президент ба хонадони чунин ду оила -- Наргиза Раҳимова ва Фаррух Эгамов ташриф овард.

    -- Талаби асосии сиёсати мо ин аст, ки доимо дар маҳалла бошем, аз мушкилоти марбут ба мардум огоҳ бошем ва онҳоро ҳал кунем. Инак, имрӯз мо нақшаҳои бузурги Сурхондарёро муайян кардем. Дар замири ҳамаи ин саъйи таъмини манфиатҳои инсон ниҳон аст. Ҳоло ин хонаҳо бояд одилона тақсим карда шаванд. Агар адолат бошад, пас мардум низ қадр хоҳанд кард, -- гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Умуман, имсол дар вилояти Сурхондарё хонаҳои бисёрошёнаи 3500 ҳуҷрадор сохта мешаванд. 1460 оила воми ипотекӣ мегиранд. Сафари Президент ба Сурхондарё бо ҳамин анҷом ёфт.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates