Кори мутадили системаи масуният кафолати саломатии хуб аст. Аммо дар баъзе ҳолатҳо иммунитет заиф мешавад ва организм қобилияти мубориза бо бемориҳоро аз даст медиҳад. Барои пешгирии ин ҳолат риояи чанд қоидаи оддӣ муҳим аст.
Ғизои дуруст яке аз омилҳои асосӣ барои мустаҳкам кардани иммунитет мебошад. Хусусан, витаминҳои C, D, E, кислотаҳои равғании омега-3, инчунин минералҳо ва нахҳо муҳиманд. Ин унсурҳо қобилияти муҳофизатии организмро баланд мебардоранд ва кори устувори онро таъмин мекунанд.
Маҳсулоти муфид: сирпиёз, сабзӣ, лаблабу, занҷабил, брокколи, настарин, кабудиҳо, каду, себ, меваҳои ситрусӣ, асал, моҳиҳои баҳрӣ, маҳсулоти ширӣ, гӯштҳои камравған.
Фаъолияти ҷисмонӣ: ҳаракатҳои мунтазам ва машқҳои субҳгоҳӣ иммунитетро мустаҳкам мекунанд. Хусусан, роҳравӣ, давидан, велосипедронӣ ва шиноварӣ фоидаоваранд.
Истеъмоли об: об дар организм нақши муҳим мебозад. Он токсинҳоро хориҷ мекунад ва иммунитетро тақвият медиҳад, организмро аз заҳролудшавӣ муҳофизат мекунад.
Камбуди об ба ҳуҷайраҳо, бофтаҳо ва узвҳо таъсири манфӣ мерасонад, ки боиси заиф шудани иммунитет мегардад. Тавсия дода мешавад, ки барои ҳар як килограмм вазни бадан 40 мл об дар як рӯз нӯшед.
Хоби солим: истироҳати кофӣ иммунитетро мустаҳкам мекунад ва ба барқароршавии организм мусоидат менамояд. Ҳангоми хоб ҳуҷайраҳои муҳофизатии организм фаъолона кор мекунанд.
Ба калонсолон тавсия дода мешавад, ки 7-8 соат дар як шабонарӯз хоб раванд.
Парҳез аз стресс: фишори равонии доимӣ системаи масуниятро заиф мекунад. Аз ин рӯ, нигоҳ доштани оромии эҳсосотӣ муҳим аст.
Риояи гигиена: шустани мунтазами дастҳо ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ аз ворид шудани вирусҳо ва бактерияҳо ба организм пешгирӣ мекунад.
Чораҳои иловагӣ: Ваксинагузаронӣ, парҳез аз одатҳои зараровар ва тарзи ҳаёти солим ба мустаҳкам шудани иммунитет ва муҳофизати организм аз бемориҳо кумак мекунанд.