Дар
ин бора Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод.
Фаъолияти
маркази нав тавассути Платформаи
ягонаи рушди муттасили касбӣ таъмин карда мешавад. Ин платформа
то 1 январи соли 2027
таъсис дода шуда, бо низоми иттилоотии «Тиббий
малака» ҳамгиро карда мешавад.
Тавассути
ин платформа феҳристи миллии провайдерҳо
ва барномаҳо, кабинетҳои шахсии мутахассисон, баҳисобгирии кредитҳо
ва ташаккули автоматии сертификатҳои
электронӣ ба роҳ монда мешавад. Корфармоён низ имкони пайгирии
портфолио ва ҳисоботи солонаи кормандони худро пайдо мекунанд.
Ҷамъоварии
50 кредит дар як сол
(барои кормандони миёнаи тиббӣ — 28 кредит)
дигар танҳо як талаботи расмӣ нахоҳад буд, балки ба сармоягузорӣ ба ояндаи табиб табдил
меёбад. Ин кредитҳо ҳангоми бақайдгирии
давлатӣ ва додани дараҷаи
тахассусӣ аҳамияти ҳалкунанда хоҳанд дошт.
Марказ
мустақилона номнавискунии ҳамаи провайдерҳо ва барномаҳои
таълимиро дар асоси стандартҳои байналмилалӣ анҷом дода, ҳамзамон ҳамчун ниҳоди
маҳаллии аккредитатсияи таҳсилоти муттасили тиббӣ фаъолият хоҳад кард.