Дар ин бора рӯзи ҷумъа, 19 сентябр, Reuters бо истинод ба агентии давлатии иттилоотии KCNA хабар дод.

Тавре қайд мешавад, Ким Чен Ин ҷараёни санҷишҳои ҳавопаймои бесарнишини зарбавии тактикии «Кумсон» ва дронҳои иктишофии стратегии навро мушоҳида кард.

Ӯ аз натиҷаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, нақшаи минбаъдаи такмил додани дронҳоро, аз ҷумла бо истифодаи зеҳни сунъӣ, тасдиқ кард.

Ким Чен Ин сиёсати нави ҳастаии Кореяи Шимолиро эълон намуд, ки он рушди ҳамзамони иқтидори ҳастаӣ ва қувваҳои анъанавии мусаллаҳро дар назар дорад.

Ҳамчунин, ӯ маҷмӯи нави мушакиро низ мавриди боздид қарор дод, менависад korrespondent.net.