Зимни мулоқот потенсиали саноатӣ, автомобилсозӣ ва истеҳсолии кишварамон муфассал муаррифӣ гардид, инчунин имкониятҳо ва бартариҳои минтақавии вилояти Сурхондарё баррасӣ шуданд. Дар асоси ин маълумотҳо пешниҳоди ширкати чинӣ бобати таъсиси як корхонаи муосири автомобилсозӣ дар минтақа муҳокима гардид.
Дар рафти музокирот ба афзоиши нуфузи ширкатҳои автомобилсозии чинӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва технологияҳои пешрафтаи онҳо таъкид шуд. Қарор қабул гардид, ки бо иштироки мутахассисони ҳар ду ҷониб музокироти васеъ гузаронида шавад, то асосҳои техникӣ-иқтисодии лоиҳа амиқ омӯзиш ёфта, имконияти татбиқи он баррасӣ гардад.









