Ширкати чинӣ дар се вилояти Ӯзбекистон неругоҳи фотоэлектрикии иқтидори умумиаш 2000 МВт месозад

    Энергетика 16 Fevral 2023 1413

    15 феврал, дар доираи сафари амалии ҳайат таҳти сарварии вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ўзбекистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин меморандуми ҳусни тафоҳум бо ширкати CEEC ENERGY CHINA оид ба сохтани неругоҳи фотоэлектрикии иқтидори умумиаш 2000 МВт дар вилоятҳои Қашқадарё, Бухоро ва Самарқанд ба имзо расид.

    Қобили зикр аст, ки дар чаҳорчӯби ин меморандум ширкати чинӣ бо ҷалби сармояи мустақим ба кишвари мо ба маблағи 2 миллиард доллар фаъолияташро амалӣ менамояд.

    Иқтидорҳои аввали ин неругоҳҳои фотоэлектрикӣ то охири соли ҷорӣ ба кор андохта мешаванд ва неругоҳҳо соли 2024 бо иқтидори пуррааш ба кор шурӯъ мекунанд.

    Дар натиҷа соле 5,2 миллиард киловатт-соат қувваи электр ҳосил карда, дар натиҷаи ин 1,4 миллиард метри мукааб гази табиӣ сарфа карда мешавад.

    Ҷонибҳо дар бораи дурнамои татбиқи ин лоиҳаҳои бузург ва суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати энергетика.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates