Ширкати Чин дар Ӯзбекистон технопарк ва нерӯгоҳи фотоэлектрикии офтобии арзишаш 350 миллион доллар сохтанист

    Энергетика 9 Dekabr 2021 555

    Ширкати чинӣ тасмим гирифтааст дар Фарғона бо сармояи 350 миллион доллари ИМА нерӯгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ бунёд кунад.

    Тавре зикр гардид, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров гурӯҳи сармоягузоронро ба ҳузур пазируфт, ки ба ҳайати он намояндагони ширкати чинии «Fht Future Technology» Ли Венҷин ва Чен Хинянг, инчунин шарикони ин ширкат дар Ӯзбекистон шомиланд.

    Дар навбати худ директори иҷроияи ширкат Ли Венҷинг лоиҳаи бузурги сармоягузориро муаррифӣ кард, ки дар вилояти Фарғона амалӣ карда мешавад, хабар медиҳад “CentralAsia” бо истинод ба ӮзА.

    Мувофиқи лоиҳа, ширкати “FXT Future Technology” аз ҳисоби сармоягузорӣ ба миқдори 350 миллион доллар дар масоҳати 25 гектар технопарки инноватсионӣ ва дар майдони 500 гектар нерӯгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ бунёд карданист. Нерӯи барқи тавлидшуда бояд барои таъмини корхонаҳои хориҷӣ, ки дар технопарк ҷойгир хоҳанд шуд, равона карда шавад.

    Ҳамзамон, технопарк ба истеҳсоли маҳсулот дар асоси технологияҳои муосири инноватсионӣ, аз ҷумла маҳсулоти нармафзор ва технологияҳои иттилоотӣ нигаронда мешавад. Инчунин лоиҳаи истеҳсоли симони аълосифат пешбинӣ шудааст.

    Роҳбари вилоят пешниҳод намуд, ки аз ҳисоби намояндагони сармоягузорон ва масъулини вилоят гурӯҳи корӣ таъсис дода, бинобар ҳар як банди лоиҳа якҷоя кор кунанд. Вай супориш дод, ки имкониятҳои татбиқи лоиҳа дар заминҳои регзору санглох, беоб ва биёбон мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates