Дар ин бора хабаргузории Yonhap бо истинод ба Кумитаи муттаҳидаи сарони ситодҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Кореяи Ҷанубӣ (JCS) хабар додааст.
Тибқи маълумот, низомиёни Кореяи Ҷанубӣ дар ҳоли ҳозир тавсифоти муфассали мушак ва масофаи парвози онро мушаххас мекунанд.
Агентӣ ёдовар шуд, ки бори охир ҶХДК рӯзи 1 июл мушаки баллистикӣ партоб карда буд.