Хусусан суҳбат бо собиқ сафири Ҷумҳурии
Корея дар Ӯзбекистон Ли Ук Хён хеле самимӣ
буд — ин фурсате барои ба ёд овардани рӯзҳои гузашта ва солҳои фаъолияти
муштарак дар таҳкими дӯстии Ӯзбекистону Корея гардид.
Ҳанӯз як рӯз пеш аз нишаст роҳбари давлати мо бо хушнудӣ
ба раиси Маҷлиси Миллии Корея китоби «Доктринаи Мирзиёев»-ро, ки ба забони
кореягӣ тарҷума шудааст, тақдим намуд. Ин шаҳодати боз як таваҷҷуҳи самимӣ ба ғояҳо
ва ислоҳоти «Ӯзбекистони нав» гардид.
Дӯстони кореягӣ барои сафари давлатӣ нишонаҳои ғайриоддии
эҳтиром: тасвири парчами Ӯзбекистон дар баландтарин бинои Кореяи Ҷанубӣ — Lotte
World Tower ва Бурҷи телевизионии Сеул, парвози дирижабле, ки бо рангҳои парчами
мо оро дода шуда буд, инчунин тасвирҳои равшании Нишон ва Парчами Ӯзбекистон
дар фаввораи назди қароргоҳ омода карда буданд.
Дар ин ҷузъиёти бодиққат омодашуда меҳмоннавозии мизбонон
ва эҳтироми амиқ эҳсос мешуд. Мо аз Сеул бо таассуроти нек ва эътимод ба он ки
дӯстии мо ояндаи бузург дорад, баргаштем.