Тибқи фармон дар асоси банди 23 моддаи 109-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 488 нафар шахсе, ки ҳоло муддати ҷазоро мегузаронанд ва аз кирдори худ сидқан пушаймон шуда, қатъан ба роҳи ислоҳ гузаштаанд, авф карда шуданд.
Аз ашхоси авфшуда 100 нафар аз иҷрои ҷазои асосӣ пурра озод карда шуданд, 268 нафар шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод гардиданд, ҷазои маҳрум сохтан аз озодии 34 нафар бо ҷазои сабуктар иваз карда шуд. Инчунин, муҳлати ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати 86 нафар кам гардид.
Дар байни авфшудагон 17 нафарро шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, 37 нафарро занон, 37 нафарро мардони аз синни 60 боло, 167 нафарро ҷавонон (аз онҳо 1 нафар ноболиғ) ва 5 нафарро шахсоне, ки дар фаъолияти созмонҳои мамнӯъ ширкат кардаанд, ташкил мекунад.
Дар доираи таъмини иҷрои Фармон ба вазорату идораҳои масъул оиди ба оғӯши оила ва наздиконашон баргардондани шахсони авфшуда, мусоидат дар мутобиқгардии иҷтимоӣ, ҷалб намудан ба меҳнати фоиданок, роҳандозии тарзи ҳаёти солим ва ишғоли ҷойгоҳи шоиста дар ҷамъият супориш дода шуд.