Мутобиқи банди 23 моддаи 109 Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо ин фармон 392 нафар маҳкумшудагон, ки ҷиноят содир намуда, аз кирдори худ самимона пушаймон шудаанд ва қатъӣ ба роҳи ислоҳ гузаштаанд, афв карда шуданд.

Аз шумораи афвшудагон 223 нафар пурра аз адои ҷазои асосӣ озод карда шуданд, 82 нафар пеш аз муҳлат ба таври шартӣ озод гардиданд, нисбати 34 нафар ҷазо ба ҷазои сабуктар иваз карда шуд, ҳамчунин муҳлати ҷазои маҳрумият аз озодӣ барои 53 нафар кам карда шуд.

Дар байни афвшудагон 3 шаҳрванди давлатҳои хориҷӣ, 26 зан, 14 марди аз 60-сола боло, 166 нафар то 30-сола, инчунин 24 нафаре, ки дар фаъолияти ташкилотҳои манъшуда иштирок доштанд, мавҷуданд.

Дар доираи татбиқи ин фармон ба вазоратҳо ва идораҳои масъул супориш дода шудааст, ки барои баргардонидани афвшудагон ба назди оила ва наздиконашон, мусоидат ба мутобиқшавии иҷтимоии онҳо, ҷалб намудан ба меҳнати фоиданок, интихоби тарзи ҳаёти солим ва пайдо кардани ҷойгоҳи муносиб дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешанд.