баннер
22 Apr 2025
01:57

    Ширкати “ACWA Power” дар Ӯзбекистон низоми нигоҳдории нерӯи барқи дорои иқтидори 2000 МВт⋅соат месозад

    Энергетика 15 Noyabr 2024 2456

    Дар доираи конфронси COP-29, ки дар Боку (Озарбойҷон) баргузор гардид, байни Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон ва ширкати саудии “ACWA Power” оид ба сохтмони низоми нигоҳдории нерӯи барқи дорои иқтидори умумиаш 2000 МВт⋅соат дар саросари ҷумҳурӣ созишнома ба имзо расид.

    Дар доираи ин лоиҳа таҳқиқоти низоми энергетикии ҷумҳурӣ гузаронида шуда, дар асоси натиҷаҳо минтақаҳое интихоб мешаванд, ки низомҳои нигоҳдории нерӯи барқ дар онҳо ба таври марҳилавӣ ҷорӣ мегарданд.

    Ба ҳисобҳои пешакӣ, арзиши умумии лоиҳа 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар ҷараёни сохтмони лоиҳа зиёда аз ҳазор ҷойи корӣ созмон дода мешавад.


    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech