Коня 2021: Турсуной Ҷабборова – тилло дар кӯшиши аввал!

    Варзиш 16 Avgust 2022 1794

    15 август дар сабқати вазнбардорӣ дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Кония намояндаи мо Турсуной Ҷабборова медали тилло ба даст овард.

    Турсуной муяссар шуд, ки унвони чемпиони мутлақ миёни занонро дар вазни -87 кг ба даст орад.

    Вай дар якбора бардоштан аввал 102 килограмм, баъд 106 килограмм ва дар охир 109 килограмм сангро бардошт. Бо ҳамин Турсуной дар Бозиҳо рекорди нав гузошт.

    Қобили зикр аст, ки дар кӯшиши аввал (102 кг) дар ин тоифаи вазн аллакай натиҷаи беҳтарин буд.

    Турсуной Ҷабборова, ки дар якбора бардоштан 109 кг, дар тела додан 126 кг, дар ду қувваозмоӣ 235 кг натиҷа нишон дода, дар ҳамаи намудҳо медали тилло ба даст овард.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates