Тавре зикр гардид, айни ҳол дар кишвар зиёда аз 7,1 миллион нафар дар беш аз 44 ҳазор бинои бисёрошёна зиндагӣ мекунанд. Ба онҳо зиёда аз 900 ширкати идоракунии сервисӣ ва беш аз 200 ҷамъияти соҳибони манзил хизмат мерасонанд, ҳамзамон дар 856 бино низоми худидоракунӣ ҷорӣ шудааст.
Дар солҳои охир оид ба ободонии биноҳои бисёрошёна ва ҳудудҳои гирду атроф, таъмири моликияти умумӣ, инчунин навсозии шабакаҳои муҳандисӣ корҳои муайян анҷом дода шуданд. Дар натиҷа сатҳ ва фарогирии хидматрасониҳои ба аҳолӣ пешниҳодшаванда беҳтар гардид.
Бо вуҷуди ин, ҳамоно вазифаи баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ тавассути таҳкими устуворӣ ва самаранокии фаъолияти ширкатҳои идоракунии сервисӣ, васеъ намудани доираи хизматрасониҳо ва ҷорӣ кардани усулҳои муосири идоракунӣ муҳим боқӣ мемонад.
Дар айни замон аксари ширкатҳои идоракунӣ асосан аз ҳисоби пардохтҳои ҳатмӣ фаъолият мекунанд ва шумораи соҳибкороне, ки омодаанд ба рушди ин соҳа сармоягузорӣ намоянд, маҳдуд боқӣ мемонад. Тибқи арзёбиҳои пешакии коршиносон, дар шаҳрҳои калон ва марказҳои вилоятӣ ҳаҷми даромадҳои пинҳонии ширкатҳои идоракунии сервисӣ ҳадди ақал ду баробар бештар аз даромадҳои расман нишон додашуда мебошад. Маҷмӯи ин омилҳо ба зарурати ташаккули модели нави идоракунии фонди манзил ишора мекунад.
Дар ин робита пешниҳод шуд, ки дар солҳои 2026–2030 дар як қатор шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба сифати таҷрибаи ҳуқуқӣ низоми кластерии идоракунии биноҳои истиқоматии бисёрошёна ҷорӣ карда шавад.
Дар доираи ин таҷриба таҳлили ҳолати биноҳо гузаронида шуда, онҳо ба категорияҳои «сабз», «зард» ва «сурх» ҷудо карда мешаванд. Ҳамчунин ташаккули лотҳо на камтар аз 7 ҳазор квартира ва таҳияи барномаҳои панҷсолаи рушди онҳо ба нақша гирифта шудааст. Лотҳо ва нақшаҳои асосӣ аз ҷониби шӯроҳои ноҳиявӣ тасдиқ мегарданд ва ташкилотҳои идоракунӣ аз ҷониби соҳибони манзил тавассути овоздиҳӣ дар низоми «Менинг уйим» интихоб мешаванд.
Барои ташкилотҳои идоракунӣ талаботи ҳадди ақали молиявӣ ва ташкилӣ, аз ҷумла мавҷудияти маблағҳои худӣ, пойгоҳи моддӣ-техникӣ ва хизмати диспетчерии шабонарӯзӣ муқаррар карда мешавад. Ҳамзамон имкониятҳо барои ба даст овардани даромадҳои иловагӣ тавассути ташкили марказҳои хизматрасонии маишӣ, сохтани иншоот аз конструксияҳои сабук ва истифодаи дарозмуддати онҳо фароҳам оварда мешаванд.
Пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин ҳамаи даромадҳои иловагии ташкилотҳои идоракунӣ, ки ҳангоми расонидани хизматҳо ба даст меоянд, танҳо тавассути низоми биллинги «Менинг уйим» ба ҳисоб гирифта мешаванд. Риоя накардани ин тартиб ҳангоми анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳо ҳамчун вайронкунии қоидаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳӣ арзёбӣ мегардад.
Шартномаҳо оиди ба иҷора додан ё истифодаи ройгони моликияти умумӣ бояд ҳатман дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шаванд. Дар сурати вайрон кардани тартиби муқарраргардида ташкилоти идоракунӣ аз феҳристи электронии дахлдор хориҷ карда мешавад. Даъват ва баргузории маҷлисҳои умумӣ, муҳокимаҳо, қабули қарорҳо, бастани шартномаҳо, пешниҳоди ҳисоботҳо, инчунин ирсол ва баррасии муроҷиатҳо — ҳамаи ин равандҳо пурра дар низоми иттилоотии «Менинг уйим» амалӣ хоҳанд шуд.
Агар ҳисоботҳо оид ба корҳои анҷомдодашуда пас аз ҳар семоҳа ба низоми «Менинг уйим» ворид карда нашаванд, ҳисобкунии пардохтҳои ҳатмӣ барои моҳҳои минбаъда то ворид шудани маълумот боздошта мешавад ва бозҳисобкунӣ барои ин давра анҷом дода нахоҳад шуд. Илова бар ин, ба таври марҳилавӣ низоми миллии иттилоотии «Турар-жой» ҷорӣ мегардад, ки маълумотро дар бораи ҳолати техникии биноҳои бисёрошёна, қитъаҳои замин, истеъмоли энергия ва об дар бар мегирад.
Талаби ҳатмӣ барои ба истифода додани бинои бисёрошёна ин расмигардонии шиносномаи кадастрӣ ва инъикоси автоматии он дар низоми «Турар-жой», инчунин ба мақомоти идоракунӣ супоридани панелҳои офтобии насбшуда ҳамчун моликияти умумӣ хоҳад буд. Дар сурати иҷро нашудани ин шартҳо бино ба истифода қабул карда намешавад.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими дигар — рақамисозии соҳа ва ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ мебошад. Пеш аз ҳама ҷорӣ намудани низомҳо бар асоси зеҳни сунъӣ дар хадамоти диспетчерии ширкатҳои идоракунӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин ба баланд бардоштани суръати баррасии муроҷиатҳо ва расонидани хизматҳо мусоидат мекунад.
Пешниҳод шуд, ки дар солҳои 2026–2030, дар идомаи ислоҳоти институтсионалӣ дар соҳа, назди ҳокимиятҳо инспексияҳои ҳудудӣ оид ба назорати соҳаи манзилию коммуналӣ ташкил карда шуда, фондҳои ғайрибуҷетии онҳо таъсис дода шаванд ва вазифаи муовини ҳоким оид ба хоҷагии манзилию коммуналӣ ҷорӣ гардад.
Сарвари давлат ба шахсони масъул супориш дод, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат ҷолибияти сармоягузории соҳа баланд бардошта шуда, низоми иқтисодан устувор, шаффоф ва ба ҳамдигар манфиатбахш ҳам барои соҳибони манзил ва ҳам барои ширкатҳои идоракунӣ таъсис дода шавад.