G1 бо истинод ба шаҳрдори шаҳр Марсело Мараната хабар дод, ки қисми болоии ин сохтмон, ки баландии он 24 метр аст, фурӯ рехтааст ва дар натиҷаи он касе осеб надидааст. Минтақа фавран иҳота карда шуд. Ширкати соҳиби иншоот эълон кардааст, ки гурӯҳи сохтмонӣ дар чанд соати наздик ба демонтажи қисми осебдида оғоз хоҳад кард.

Ҳодисаи нохуш бар асари шароити шадиди обу ҳаво рух додааст. Бинобар афзудани суръати шамол аз 90 километр дар як соат, дар минтақа дар бораи шамоли сахт огоҳӣ эълон карда шуд, хабар медиҳад kommersant.ru.