Ҷамъомади Шӯрои миллии мубориза бо коррупсия баргузор гардид

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 марти соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои миллии мубориза бо коррупсия иштирок намуд. Дар он фаъолияти ҷиҳати ташаккули муҳити озод аз коррупсия анҷом додашуда таҳлил гардида, вазифаҳои минбаъда муайян карда шуданд.

    Сарвари давлат дар суханронии худ зикр кард, ки коррупсия монеаи ҷиддитарини раванди ислоҳот мебошад.

    Бо назардошти ин, дар солҳои охир қонунҳо қабул гардида, низоми нав барои мубориза бо ин зуҳуроти манфӣ таъсис дода шуд. Дар палатаҳои парлумон кумитаҳои масъул ташкил гардида, Шӯрои миллӣ ва Агентии зиддикоррупсионӣ таъсис ёфтанд.

    Ба фароҳам овардани шароите, ки ҷомеа метавонад мушкилоти коррупсияро озодона матраҳ ва муҳокима намояд, таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Нақш ва таъсири васоити ахбори омма дар ин самт босуръат меафзояд.

    Дар навбати аввал чораҳо ҷиҳати бартарафсозии сабабҳои коррупсия андешида мешаванд. Масалан, бекор кардани ҷудо кардани қитъаҳои замин бо қарорҳои ҳокимон ва гузариш ба низоми музоядаҳо раванди тақсимоти заминро шаффофтар гардонд. Пас аз татбиқи барномаи «Шаффоф қурилиш» дар ин самт низ тағйироти мусбат мушоҳида мешавад.

    Қабули қонун дар бораи хариди давлатӣ, рақамисозии низоми интихобот ва озмунҳо, инчунин таъмини рақобати солим имкон дод, ки соли гузашта 14 триллион сӯм маблағҳои буҷетӣ сарфа карда шавад.

    Айни ҳол ҳамаи бонкҳо қарзҳои маиширо то 100 миллион сӯм тавассути низоми онлайн дар муддати 5 дақиқа бидуни дахолати инсон пешниҳод мекунанд. Дар натиҷа, ҳазорон корманди бонкҳо, ки қаблан ба баррасии чунин дархостҳо машғул буданд, ҳоло мустақиман дар маҳаллаҳо фаъолият намуда, лоиҳаҳо ва барномаҳои қарзиро пешниҳод мекунанд, ки ин ба афзоиши пойгоҳи муштариён мусоидат мекунад.

    Дар низоми таҳсилоти томактабӣ ва мактабӣ зиёда аз 10 намуди хизматрасонӣ пурра ба шакли электронӣ гузаронида шуд, ки ин имконият дод шумораи муроҷиатҳо 2,5 маротиба коҳиш ёбад.

    Низоми таҳсилоти олӣ низ рақамисозӣ гардид: низоми супоридани тестҳо ва интихоби донишгоҳҳо тибқи натиҷаҳои он ҷорӣ карда шуд, инчунин гирифтани 35 намуди ҳуҷҷат ба таври автоматикӣ шумораи муроҷиатҳоро 2,2 маротиба кам кард.

    Ба шарофати истифодаи бодикамераҳо аз ҷониби нозирони бехатарии ҳаракати роҳ, фурӯши рақамҳои мошин тавассути музоядаҳо ва бекор кардани протоколҳои қоғазӣ, омилҳои коррупсионӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтанд.

    Хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва соҳибкорон дар асоси принсипи «давлат – хизматгори мардум» ташкил карда шуд: талабот ба пешниҳоди 120 намуди ҳуҷҷат, зиёда аз 160 иҷозатнома ва литсензия бекор карда шуд. Дар натиҷа, тақрибан 200 ҳазор соҳибкори нав ба бозор ворид гардиданд ва шумораи корхонаҳо бо иштироки сармояи хориҷӣ қариб 5 баробар афзоиш ёфта, ба 23 ҳазор расид.

    Шумораи хизматрасониҳои давлатии электронӣ 15 баробар зиёд шуда, ба 721 расид ва шумораи корбарони онҳо аз 11 миллион нафар гузашт.

    Муҳимтар аз ҳама, дар натиҷаи ин чораҳо эътимоди аҳолӣ, соҳибкорон, шарикони хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сармоягузорон ба ислоҳоти дар ҳоли иҷро мустаҳкам гардид. Дар 7 соли охир ба иқтисодиёти кишвар беш аз 120 миллиард доллар сармоя ҷалб шуда, ҳаҷми иқтисод 2 маротиба афзоиш ёфта, соли гузашта ба 115 миллиард доллар расид.

    Президент таъкид кард, ки мубориза бо коррупсия як раванди доимӣ мебошад ва масъалаҳои мубраму вазифаҳои ояндаро дар ин самт муайян намуд.

    Зикр гардид, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ асосан ба ошкор ва ҷазо додани амалҳои коррупсионӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, ки дар ин ҳол чораҳои пешгирикунанда, ки ба решакан кардани омилҳои коррупсия нигаронда шудааст, нодида гирифта мешаванд.

    Бо дарназардошти ин, қарор шуд, ки усули фаъолияти Агентии зиддикоррупсионӣ тағйир дода шавад. Дар доираи таҷриба, назорати комплаенс дар панҷ сохтор – вазоратҳои тандурустӣ, сохтмон, хоҷагии об, инчунин ширкатҳои саҳҳомии «Ӯзбекнефтегаз» ва «Ӯзсувтаъминот» ба агентӣ супорида мешавад.

    Ғайр аз ин, дар сатҳи ноҳияҳо таҳлили амиқи омилҳои коррупсияи маишӣ ва системавӣ гузаронида шуда, бар асоси он чораҳои мушаххас таҳия ва ба Шӯрои миллӣ пешниҳод карда мешаванд.

    Зикр гардид, ки 75 фоизи ҷиноятҳои коррупсионӣ дар шакли коррупсияи маишӣ дар ноҳияҳо ва маҳаллаҳо содир мешаванд, бинобар ин ҳайати шӯроҳои минтақавии мубориза бо коррупсия пурра таҷдид хоҳад шуд. Роҳбарии онҳоро раиси шӯроҳои депутатҳои халқи вилоятӣ бар уҳда мегирад.

    Шӯроҳои минтақавӣ ба Шӯрои миллӣ пешниҳодҳоро оид ба тағйири қонунгузорӣ, ки ба решакан кардани омилҳои коррупсия ва таъмин намудани ногузирии ҷазо равона шудаанд, пешниҳод менамоянд.

    Ҳашт сол пеш низоми секторҳо барои рушди ҳамаҷонибаи минтақаҳо ҷорӣ гардид. Онҳо ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мусоидат карданд. Дар солҳои охир иқтидори минтақаҳо ба таври назаррас афзоиш ёфт.

    Бо дарназардошти ин, қарор шуд, ки прокуророн, роҳбарони мақомоти корҳои дохилӣ ва идораҳои андоз дигар ба фаъолияти секторҳо машғул нашаванд. Барои пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо он вазифаҳои иловагӣ муайян карда шуданд.

    Ба пешгирии коррупсия дар соҳаи хариди давлатӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Бо ин мақсад, Комиссияи коршиносон таъсис дода мешавад. Бо такя ба таҷрибаи пешқадам, платформаи электроние таҳия мегардад, ки имконият медиҳад нархи молу хизматрасониҳои дар доираи хариди давлатӣ харидашуда аз меъёрҳои миёнаи бозор беш аз 20 фоиз зиёд набошад. Барои вайрон кардани ин талабот чораҳои ҷавобгарӣ ва ҷаримаҳо ҷорӣ карда мешаванд.

    Талабот ба хариди воситаҳои асосӣ аз ҳисоби буҷет ва фондҳои ғайрибуҷавӣ низ сахттар карда мешавад. Ҳангоми харид аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ ба нақлиёт ва мебелҳои истеҳсоли ватанӣ афзалият дода мешавад ва дар лоиҳаҳои бузург талаботи арзёбӣ бо дарназардошти меъёрҳои баланди зиддикоррупсионӣ ҷорӣ мегардад.

    Мубориза бо коррупсия аз интихоби кормандони ҳирфаӣ ва содиқ ба кори давлатӣ оғоз меёбад. Дар робита ба ин, оид ба такмили тартиби қабул ба кор ва арзёбии номзадҳо супоришҳо дода шуданд.

    Зарурати қабули қонун дар бораи декларатсияи даромади хизматчиёни давлатӣ таъкид гардид ва лоиҳаи ин қонун барои муҳокимаи ҷамъиятӣ пешниҳод хоҳад шуд.

    Аҳамияти тарғиби ғояҳои поквиҷдонӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои тарбияи насли нав, ки ба коррупсия тоқатнопазир аст, инчунин дастгирии ташаббусҳои ҷавонон қайд гардид.

    Сарвари давлат ба ҷомеа муроҷиат намуда, изҳор дошт, ки мубориза бо коррупсия вазифаи умумимиллӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шахси ватандӯст мебошад.

    – Агар мо ҳама саъю кӯшиши худро муттаҳид кунем, бешубҳа ба натиҷаҳои мусбати назаррас ноил хоҳем шуд. Бинобар ин, фаъолони маҳалла, насли калонсол, зиёиён, нависандагон ва шоирон, кормандони соҳаи санъат ва фарҳанг, соҳибкорон, шахсони маъруф, роҳбарон, вакилон ва сенаторон – тамоми ҷомеа бояд якҷоя амал намуда, коррупсияро ҳамчун «саратони тани ҷомеа» арзёбӣ намоянд.

    Дар ҷараёни ҷаласа бо аъзои парлумон, намояндагони ҳукумат ва ҷомеа муколама баргузор гардид.

    Бори аввал дар чунин формат доир шудани чорабинӣ иродаи қавии сиёсиро дар мубориза бо коррупсия нишон дод.

    Сарвари давлат 55 ташаббуси мушаххасро муаррифӣ намуд, ки дар доираи онҳо 5 қонун, 12 фармон ва қарорҳо таҳия карда шуда, ҳамчунин нақши парлумон, Шӯрои миллӣ ва шӯроҳои минтақавӣ, инчунин муассисаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо коррупсия пурзӯр карда хоҳад шуд.

    Асоси ҳуқуқии мубориза бо коррупсия таҳким меёбад: ҷорӣ намудани низоми нави эъломияи даромадҳо ва тартиби пешгирии бойшавии ғайриқонунӣ омилҳои коррупсияро коҳиш медиҳад. Фаъолияти Агентии зиддикоррупсионӣ ва сохторҳои назорати дохилӣ дар ташкилотҳо пурзӯр карда мешавад.

    Масъулияти роҳбарони вазоратҳо ва идораҳо барои пешгирии коррупсияи маишӣ афзоиш хоҳад ёфт. Низоми баҳодиҳии сифати хизматрасониҳои давлатӣ аз ҷониби аҳолӣ ҷорӣ гардида, нисбат ба роҳбароне, ки нишондиҳандаҳои заиф доранд, чораҳои қатъӣ андешида хоҳанд шуд.

    Мустақилии инспексияҳои тафтишотӣ тақвият меёбад, инчунин дар лоиҳаҳои калони сармоягузорӣ ва музоядаҳо механизмҳои пешгирии коррупсия ҷорӣ карда мешаванд.

    Ба туфайли танзими низоми хариди давлатӣ ва маҳдуд кардани хариди мустақим, сарфаи маблағҳои буҷетӣ таъмин гардида, хароҷоти ғайримақсадноки давлатӣ пешгирӣ карда мешавад.

    Манбаъҳои озодшуда барои мубориза бо ҷинояткорӣ равона мешаванд, ки ин боиси таҳкими субот дар ҷомеа ва боло рафтани эътимоди шаҳрвандон мегардад. Тақвияти назорати прокурорӣ нисбат ба санҷишҳои ғайриқонунӣ ба беҳтар шудани фазои тиҷорат ва сармоягузорӣ дар минтақаҳо мусоидат хоҳад кард.

    Натиҷаҳои бадастомада мавқеи кишвари моро дар рейтингҳои байналмилалӣ беҳтар намуда, то соли 2027 шароит фароҳам хоҳад овард, ки Ӯзбекистон номзадии худро барои баргузор кардани конференсияи UNCAC пешниҳод намояд.

    Аз ҳама муҳимаш, шуури ҳуқуқии аҳолӣ, махсусан ҷавонон, баланд гардида, ҳисси дахлдорӣ дар мубориза бо коррупсия дар ҷомеа ташаккул меёбад.

    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates