Партоб аз пойгоҳи
Ванденберг дар иёлати Калифорнияи ИМА бо истифода аз мушаки интиқолдиҳандаи
Falcon 9-и ширкати SpaceX анҷом дода шуд.
Тавре Report бо
истинод ба маъмурияти Президенти Қирғизистон хабар медиҳад, партоби моҳвора 1
октябр аз пойгоҳи Ванденберг дар иёлати Калифорнияи ИМА бо мушаки интиқолдиҳандаи
Falcon 9-и ширкати SpaceX сурат гирифт.
Дар маросими
партоб, ки дар доираи сафари корӣ ба ИМА баргузор шуд, Президенти Қирғизистон
Садир Жапаров иштирок кард. Моҳвора ҳамроҳ бо гурӯҳи дигари дастгоҳҳои кайҳонӣ
ба мадор бароварда шуд. Идоракунии он аз маркази идоракунӣ дар шаҳри Бишкек анҷом
дода мешавад.
Моҳвора барои
назорати заминҳои кишоварзӣ, пиряхҳо, объектҳои обӣ, ҷангалҳо ва чарогоҳҳо,
инчунин мушоҳидаи тағйирот дар экосистемаҳои табиӣ пешбинӣ шудааст. Қарор аст
маълумоти бадастомада барои ошкор кардани истифодаи ғайриқонунии захираҳои
зеризаминӣ, партовгоҳҳои ғайрирасмӣ ва дигар манбаъҳои ифлосшавӣ истифода шавад.
Илова бар ин,
маълумоти моҳвораӣ барои мониторинги хатарҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, обхезӣ,
ярч, сел ва сӯхторҳои ҷангал истифода хоҳад шуд. Дар маъмурияти Президент таъкид карданд, ки ин имконият медиҳад
таҳдидҳои эҳтимолӣ зудтар ошкор гардида, барои коҳиш додани зарари эҳтимолӣ
чораҳои зарурӣ андешида шаванд.