шахсони ба маъюбон ва иштирокдорони амалиётҳои ҷангӣ баробаркардашуда;
бевазанони (бевазанон) хидматчиёни ҳарбии фавтида;
шахсоне, ки нафақаи шахсии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мегиранд;
шахсоне, ки дар натиҷаи фалокати Чернобил маъюб шудаанд;
шахсоне, ки хидмати ҳарбиро дар полигонҳои озмоишҳои яроқи ядроӣ адо кардаанд;
ногироҳои гурӯҳҳои I ва II, инчунин онҳое, ки ба ногирои гурӯҳи I нуқсони биноӣ дошта ҳамроҳӣ мекунанд;
пиронсолони танҳо;
нафакахӯрон.
Барои гирифтани роҳхат ба воҳидҳои ҳудудии Агентии хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан лозим аст:
ариза;
нусхаи шиноснома;
ҳуҷҷатҳое, ки ба шаҳрвандони дар боло зикршуда ҳуқуқи аз имтиёз истифода бурданро медиҳанд (тасдиқи маъюбият, маълумотнома барои нафақахӯрон ва ғайра);
хулосаи тиббӣ.
Давраи додани роҳхатҳо чунин аст:
ҳар сол (ба тариқи навбат):
ба шахсоне, ки ба ногироҳои ҷанг баробар карда шудаанд;
шахсоне, ки нафақаи шахсии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мегиранд;
шахсоне, ки дар натиҷаи фалокат дар неругоҳи электрикии атомии Чернобил ба бемории шуоъ гирифтор шудаанд, инчунин шахсоне, ки дар натиҷаи фалокати неругоҳи электрикии атомии Чернобил маъюб шудаанд;
шахсоне, ки дар полигонҳои озмоишҳои яроқи ядроӣ ва дигар объектҳои радиатcионию ядроӣ хизмати ҳарбиро адо кардаанд;
пиронсолони танҳо;
дар ҳар ду сол як маротиба (бо тартиби навбат):
шахсоне, ки ба иштирокчиёни ҷанг баробар карда шудаанд;
бевазанони (бевазанон) хидматчиёни ҳарбии фавтида;
ногироҳои гурӯҳҳои I ва II, инчунин онҳое, ки ба ногирои гурӯҳи I нуқсони биноӣ дошта ҳамроҳӣ мекунанд;
дар се сол як маротиба бо назардошти дар санаторияҳо мавҷуд будани ҷойҳо (ба тариқи навбат) — ба нафақахӯрон, хабар медиҳад Вазорати адлия.









