Тахассуси кормандони тиббии Ӯзбекистон дар Олмон эътироф карда мешавад

    Тандурустӣ 1 Aprel 2024 1782

    Намояндагони Сафорати кишвари мо дар Олмон дар форуми “Кадрҳои соҳибихтисос барои соҳаи тандурустӣ: таваҷҷуҳ ба Осиёи Марказӣ”, ки дар Палатаи савдои Гамбург баргузор гардид, ширкат варзиданд.

    Раҳбари гурӯҳи кории Палатаи савдо ва саноати "Аврупои Шарқӣ" Мирко Новак иштирокчиёни чорабинӣро хайрамақдам гуфта, таваҷҷуҳи худро ба афзоиши шумори хоҳишмандони сармоягузорӣ ё кушодани тиҷорат дар Ӯзбекистон ҷалб намуд. Дар ин замина форум ҳам барои Олмон ва ҳам барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург дорад, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Дар форум намояндаи ташкилоти «CCH - Care Consultants Hamburg» Томас Флотов, директори агентии «Alfa Personnel Care» Торстен Майер ва дигарон дар мавзӯъҳои ҳамгироии кадрҳои соҳибихтисос аз хориҷа маърӯзаҳо карданд. Коршиносони олмонӣ эътироф карданд, ки ба тахассуси кормандони тиббии Ӯзбекистон дар Олмон баҳои баланд дода мешавад ва онҳо дар баробари дониши касбӣ забони немисиро хуб медонанд ва аз барномаҳои гуногуни санҷишӣ бомуваффақият мегузаранд. Зимнан зикр гардид, ки имрӯз даҳҳо кормандони соҳаи тиб аз Ӯзбекистон дар Олмон фаъолият доранд.

    Илова бар ин, сафирони Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи имконоти ҷалби кадрҳои соҳибихтисос ба Олмон суханронӣ карданд.

    Сафири Ӯзбекистон Дилшод Ахатов дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, дар бораи тағйироти мусбати марбут ба муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ дар кишварамон дар солҳои охир, инчунин имкониятҳое, ки барои шаҳрвандони мо, ки мехоҳанд дар хориҷа кор кунанд, муҳайё шуда истодаанд, иброз дошт. Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки ба шарофати ислоҳоти пайгирона масъалаҳои омода намудани кадрҳои тиббӣ барои кор дар Олмон низ таҳти таваҷҷуҳи хоссаи давлат қарор гирифтаанд.

    Форум, ки Анна Мария Хайденрайх, директори идоракунандаи Палатаи савдо ва саноати Гамбург модератори он буд, пур аз мубоҳисаҳои пурҷӯшу хуруш буд. Тарафҳо оид ба масъалаҳои марбут ба соҳа мубодилаи иттилооти муфассал намуданд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates