Роҳбари Озарбойҷон сарвари давлатамонро бо рӯзи таваллудаш самимона табрик гуфта, саломатии бардавом ва комёбиҳои бузург, инчунин ба халқи сермиллати Ӯзбекистон сулҳу оромӣ, некуҳолӣ ва шукуфоӣ таманно намуд.
Натиҷаҳои судманди сафари ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Ўзбекистон ба Озарбойҷон ва натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Шуша баргузор гардид, бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.
Муҳимияти ташаккули маҷмӯи созишномаву қарордодҳои қатъӣ барои ҳамоиши дарпешистодаи сатҳи олӣ қайд гардид.
Ба идомаи табодули фаъоли фарҳангию гуманитарӣ, инчунин ҳамкории зич дар платформаҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса дода шуд.