Дар оғози суҳбат аз рушди пайвастаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамкории амалии гуногунҷанба изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки солҳои охир ба шарофати муколамаи судманд дар сатҳи олӣ робитаҳои дуҷониба ба марҳалаи сифатан нави рушд баромадаанд. Дар айни замон ҳамкорӣ бо ширкатҳои Қатар дар соҳаҳои энергетика, саноати кимиё, амнияти озуқаворӣ, нақлиёт, сохтмон ва дигар бахшҳо фаъолона идома дорад. Аз оғози соли ҷорӣ ҳаҷми азхудкунии сармоягузориҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона, ки босуръат рушд мекунанд, низ ба наздикшавии бештари халқҳои ду кишвар мусоидат менамоянд.
Дар ҷараёни мулоқот самтҳои ояндадори ҳамкории дуҷониба муайян карда шуданд. Аз ҷумла, моҳи декабр иштироки ҳайати бонуфузи Ӯзбекистон дар Форуми Доҳа ва ҳамзамон баргузории ҷаласаҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва Шӯрои соҳибкорӣ дар ҳошияи он дар назар аст.
Ҳамчунин, роҳбарон доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.