Муаррифии объектҳои фарҳанг ва варзиш ба амал омад

    Ҳукумат 22 Noyabr 2021 4140

    Президент Шавкат Мирзиёев бо муаррифии объектҳои сохтмонашон дар Тошканд пешбинишуда шинос шуд.

    Осорхонаи адабии ба номи Алишер Навоӣ, ки бояд дар паҳлӯи Хиёбони адибон сохта шавад, аз ҷумлаи онҳост. Ба ғайр аз музей, ба таркиби маҷмӯъ маркази илмӣ-тадқиқотӣ, Институти забон, адабиёт ва фолклори ӯзбек, мактаб ва хобгоҳ шомиланд.

    Ҳамчунин дар шафати Боғи миллии Ӯзбекистон бунёди Китобхонаи президентӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки бино чор ошёна дошта, ҳамзамон ба беш аз 1,4 ҳазор хонанда хидмат мерасонад. Китобхона дар баробари фонди 1,5 миллион китоб адабиёти электронӣ ва маҳсулоти мултимедиявӣ низ хоҳад дошт.

    Сарвари давлат дастур дод, ки дар сохтмони ин маҷмӯъҳо аз технологияҳои навтарин истифода бурда, барои дӯстдорони китобхонӣ тамоми шароит фароҳам оварда шавад.

    Дар рафти муаррифӣ ҳамчунин лоиҳаи Шаҳраки олимпӣ баррасӣ шуд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates