Дар мамлакати мо як қатор барномаҳои иқтисодӣ, ки ба коҳиш додани бекорӣ нигаронида шудаанд, татбиқ мегарданд. Тиҷорати хурд ва фаъолияти соҳибкорӣ фаъолона дастгирӣ мешаванд, дар минтақаҳои мухталиф корхонаҳои нав боз мегарданд. Дар муассисаҳои таълими касбӣ ва мономарказҳои «Марҳамат, ба кор» ба аҳолӣ тахассусҳои замонавӣ ва забонҳои хориҷӣ омӯзонида мешаванд.
Соли равон бо ҷойи кор таъмин кардани панҷ миллион нафар, ҳамчунин ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб намудани ду миллион нафар пешбинӣ гардидааст. Барои мақсадҳои мазкур аз ҷониби давлат тамоми шароитҳои ташкилӣ ва молиявӣ фароҳам оварда шуданд.
Аз ҷумла, барои ин мақсадҳо 16 триллион сӯм ҷудо гардид. Ғайр аз ин маблағ дар ҳаҷми 1,4 триллион сӯм аз ҷониби бунёдҳои Вазорати шуғл ва коҳиш додани нодорӣ, Оҷонсии кори маҳаллабай ва Шӯрои фермерон сафарбар карда хоҳад шуд.
Минбаъд истифодаи самарабахши имкониятҳо дар маҳалҳо барои созмон додани манбаъҳои даромади аҳолӣ вазифаи асосӣ мегардад.
Мувофиқи супориши Президент дар мисоли ноҳияҳои Ғаллаарал ва Шароф Рашидови вилояти Ҷиззах механизмҳои нави самарабахш андешида мешаванд, ки минбаъд дар тамоми минтақаҳо ҷорӣ карда хоҳанд шуд.
Дар машварат муовини Сарвазир – вазири иқтисодиёт ва молия Ҷ. Қӯчқоров бобати ошкор кардани имкониятҳои нав дар ноҳияҳои зикршуда ва ба ҳаёт татбиқ намудани онҳо таклифҳо пеш гузошт. Чунончӣ, ба ҳар як маҳалла ташкилоти маҷмӯи иқтисодӣ вобаста карда мешавад. Онҳо бо оилаҳои камтаъмин дар маҳаллаҳои тобеашон кори нишонадор мебаранд, барои афзудани даромади мардум кумак мерасонанд. Вомҳои арзон, субсидия ва захираҳои имтиёзнок, пеш аз ҳама, ба мақсади коҳиш додани нодорӣ ҷудо карда мешаванд. Ҳамчунин чораҳо бинобар озодкунии тиҷорати ғайрирасмӣ ва бо кор таъминкунии расмӣ андешида хоҳанд шуд.
Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони қитъаҳои наздиҳавлигӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарони вобасташуда дар маҳаллаҳо парвариши зироати сердаромадро дар қитъаҳои наздиҳавлии аҳолӣ ташкил мекунанд.
Муҳимияти роҳҳои зиёд кардани даромад бо омӯзондани таҷҳизоти нави корӣ ва маънидодкунии талаботи бозор таъкид гардид.
Дар машварат фикру ақидаҳои вазирону ҳокимҳо шунида шуданд. Ба сарони вилоятҳо супурда шуд, ки чунин фаъолиятро дар ноҳияҳои ақибмонда низ ба роҳ монанд, ҳамчунин бобати кам кардани бекорӣ дар ҳар як маҳалла чораҳо қабул кунанд.