Дар мамлакат ба коркарди ашёи хом ва ба вуҷуд овардани арзиши иловагӣ эътибори махсус дода мешавад. Корхонаи мазкур дар самти матоъбофӣ, рангубор ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри трикотажӣ низ яке аз тарҳҳои бузург ба шумор меравад.
Дар ин ҷо соле 4 миллиону 200 дона 50 намуди маҳсулот тайёр карда мешавад. Қариб ҳазор нафар бо кор таъмин шудаанд. Такмили ихтисоси кормандон низ мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад. Барои ин маркази дизайнерӣ ташкил карда шудааст.
Таҷҳизоти пешрафта, ки аз Туркия, Олмон ва Чин оварда шудаанд, самарабахшӣ ва сифати маҳсулотро таъмин мекунанд. Қисми асосии либосҳои тайёр ба хориҷа бароварда мешавад. Иқтидори солонаи содирот ба 6 миллион доллар расидааст.
Президент ҷараёни истеҳсол ва маҳсулоти тайёрро аз назар гузаронд. Аз рӯи беҳсозии нишондиҳандаҳои сифат, афзунсозии арзиши иловагӣ ва васеъ намудани ҷуғрофияи содирот тавсияҳо дод.