Таълими томактабӣ дар рушди зеҳнӣ, иҷтимоӣ ва маънавии кӯдак марҳалаи ҳалкунанда ба шумор меравад. Аз ин рӯ, солҳои охир дар ин самт ҷиҳати густариши фарогирӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва ҳавасмандсозии иштироки бахши хусусӣ ислоҳоти пайгирона амалӣ мешавад. Дар натиҷа, сатҳи фарогирӣ бо таълими томактабӣ дар кишвар ба 78 фоиз расид.

Бо вуҷуди ин, барои ба 80 фоиз расонидани фарогирӣ таъсиси ҷойҳои нав дар кӯдакистонҳо зарур аст, дар 39 шаҳру ноҳия сатҳи фарогирӣ аз 70 фоиз паст боқӣ мемонад. Инчунин, дар кӯдакистонҳои давлатӣ 61 фоиз ва дар кӯдакистонҳои ғайридавлатӣ 76 фоизи педагогҳо маълумоти миёнаи махсус доранд, ки ин масъулаи муҳим будани таҳкими иқтидори кадриро нишон медиҳад.

Бинобар ин, дар ҷараёни муаррифии имрӯза чорабиниҳое, ки барои ба зинаи нав баровардани низоми таълими томактабӣ таҳия шудаанд, муҳокима гардиданд.

Аз ҷумла, барномаи таълимии гурӯҳҳои яксолаи омодагӣ ба мактаб ҳамчун марҳалаи ибтидоии таҳсилоти умумии ҳатмӣ ҷорӣ карда мешавад. Дар ин омодасозии ҳамаҷонибаи кӯдакон ба таҳсилоти мактабӣ ва таъмини пайвастагии низоми таълим чун мақсади асосӣ муқаррар гардидааст.

Дар низоми таҳсилоти томактабӣ модели таълим бар асоси бозӣ роҳандозӣ гардида, раванди таълиму тарбия бо назардошти қобилият ва шавқу ҳавасҳои табиии кӯдак ташкил карда мешавад. Дар асоси таҷрибаҳои пешқадами хориҷӣ муҳити таълимӣ тағйир хоҳад ёфт.

Инчунин, ташаккули шабакаи ташкилотҳои таълими томактабии «Насли нав» дар назар аст. Дар солҳои 2026–2028 дар ҳар як минтақа кӯдакистонҳои давлатии «Насли нав» бо ғунҷоиши 120 ҷой ва дар ҳайати онҳо Марказҳои инноватсионии рушди кӯдакон таъсис дода мешаванд. Дар ин кӯдакистонҳо вазифаҳои иловагии роҳбар ва тарбиятгар-мураббӣ ҷорӣ шуда, ба роҳбар ва омӯзгорон ҳар моҳ ба андозаи 20 фоиз аз ставкаи тарифӣ иловапулӣ пардохт мегардад.

Ба ташкилотҳои ғайридавлатии таълими томактабӣ ва таҳсилоти умумии миёна низ барои таъсиси гурӯҳҳои яксолаи омодагӣ ба мактаб иҷозат дода мешавад. Мақсад аз ин густариши рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои таълимӣ ва афзоиши фарогирӣ мебошад.

Ба масъалаи омодасозии кадрҳо низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз соли таҳсили 2026–2027 дар муассисаҳои таҳсилоти олии педагогӣ барномаҳои таълимӣ аз рӯйи самтҳои таълими томактабӣ ва ибтидоӣ мутобиқ ба таҷрибаҳои пешқадами байналмилалӣ такмил дода мешаванд. Ҳамзамон, барои кадрҳои педагоги дорои маълумоти миёнаи махсус, ки фаъолият доранд, дар асоси таҳсили дуалӣ («5+1») низоми тайёр кардани бакалаврҳо ҷорӣ мегардад.

Аз соли таҳсили 2027–2028 ба кӯдаконе, ки дар гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб таълиму тарбия гирифтаанд, тақдими сертификати электронии намунаи давлатӣ ва сабти ин маълумот дар шаҳодатномаи таҳсилоти умумӣ дар назар аст.

Дар муаррифӣ имтиёзҳои нав ҷиҳати дастгирии бахши хусусӣ дар соҳаи таълими томактабӣ низ баррасӣ шуданд.

Бо мақсади густариши иштироки бахши хусусӣ дар соҳаи таълими томактабӣ, дар ноҳия ва шаҳрҳое, ки сатҳи фарогирӣ аз 80 фоиз поин аст (ба истиснои шаҳри Тошканд), барои соҳибкорон як қатор чорабиниҳои дастгирӣ ҷорӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла, ҳангоми дар асоси шарикии давлативу хусусӣ таъсис додани кӯдакистонҳо дар заминҳои холии ҳудуди мактаб ва боғчаҳо, ҳаққи иҷора то 30 сол ситонида намешавад. Инчунин, барои ҳар як тарбиягиранда ба андозаи 50 фоизи хароҷоти як кӯдак дар боғчаҳои давлатӣ субсидия ҷудо карда мешавад. Ин тартиб ба кӯдакистонҳои ғайридавлатие, ки аз соли 2024 таъсис ёфтаанд, низ татбиқ мегардад.

Агар дар минтақаҳои дорои фарогирии поин, боғчаҳои ғайридавлатӣ бо ғунҷоиши на камтар аз 150 ҷой берун аз ҳудуди мактаб ва боғча таъсис дода шаванд, то 7 сол кредитҳои имтиёзнок то 5 миллиард сӯм пешниҳод мегарданд. Ҳамзамон, хароҷоти пардохти маоши тарбиятгарон мутобиқи меъёрҳои кӯдакистонҳои давлатӣ дар давоми се сол ҷуброн карда мешавад. Ба ҳар 30 нафар кӯдак як воҳиди тарбиятгар пешбинӣ мегардад.

Ин имтиёзҳо ба боғчаҳои хусусие, ки дар ошёнаи якуми биноҳои бисёрошёна ташкил мешаванд, низ татбиқ хоҳанд шуд.

Ғайр аз ин, то 1 январи соли 2030 барои соҳибкороне, ки боғчаҳои ғайридавлатии дорои ғунҷоиши на камтар аз 150 ҷой таъсис медиҳанд, дар андози иҷтимоӣ низ сабукиҳо тақдим мегарданд.

Сарвари давлат зарурати таҳияи пухтаву ҳамаҷонибаи таклифҳои пешниҳодшуда, зина ба зина татбиқ намудани онҳо ва тавассути баланд бардоштани сифати таълими томактабӣ барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон заминаи мустаҳкам фароҳам намуданро таъкид кард. Ба масъулон супоришҳои дахлдор дода шуданд.