Ҳисоботи вазири мудофиа оид ба рафти иҷрои вазифаҳои барои такмили фаъолияти маҷмааи саноати мудофиавии кишвар гузошташуда ва тадбирҳои амалӣ оид ба таъмин намудани артиши миллӣ бо аслиҳа ва техникаи муосир шунида шуд.
Дар ҷараёни маҷлис ба зарурати истифодаи ҳарчи бештари имкониятҳои бахши хусусии иқтисоди кишвар дар соҳаи истеҳсоли мудофиа ва омодасозии мутахассисони муҳандисию техникӣ таваҷҷуҳ дода шуд.
Ҳамзамон, аҳамияти тайёрии босифати кадрҳои низомӣ, ки метавонанд техника ва аслиҳаи навтаринро босаводона истифода баранд, зикр гардид.
Тибқи натиҷаҳои ҷамъомади хизматӣ сарвари давлат оид ба минбаъд бо намунаҳои муосири аслиҳа муҷаҳҳаз сохтани артиши миллӣ ва рушди маҷмааи саноати мудофиа супоришот дод.