баннер
5 Apr 2025
13:13

    Президенти Ӯзбекистон ҳайати ҶМЧ-ро қабул кард

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 1 апрел ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чинро таҳти роҳбарии мудири Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин Лю Сзянчао қабул кард.

    Меҳмони олимақом ба роҳбари давлати мо саломи самимӣ ва таманниёти беҳтарини Раиси ҶМЧ Си Сзинпинро расонд.

    Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба ва ҳамкории амалӣ байни Ӯзбекистон ва Чин мувофиқи созишномаҳои сатҳи олӣ баррасӣ гардиданд.

    Бо қаноатмандии махсус таъкид гардид, ки дар солҳои охир сатҳи хеле баланди муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Ӯзбекистон ва Чин ба даст омадааст.

    Ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба ва сармоягузорӣ мунтазам афзоиш меёбад, шумораи лоиҳаҳо ва корхонаҳои муштарак бо иштироки ширкатҳои пешрафта дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисод зиёд мегардад.

    Оид ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон корҳои амалӣ идома доранд.

    Ба тамосҳои байниминтақавӣ ва мубодилаи фарҳангию гуманитарӣ баҳои баланд дода шуд. Имсол Форуми навбатии минтақаҳо ва Форуми таълимӣ баргузор хоҳанд шуд.

    Ба зарурати густариши минбаъдаи ҳамкории байнипарлумонӣ ва байниҳизбӣ, хусусан дар соҳаҳои кам кардани сатҳи камбизоатӣ, мубориза бо коррупсия, рақамисозии босуръат ва индустриализатсия диққати махсус дода шуд.

    Муҳимияти рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва касбӣ, аз ҷумла кушодани филиалҳои донишгоҳҳои пешбари Чин дар кишвари мо таъкид гардид.

    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech