Барои фаъолияти шуҷоатмандона дар мақомоти корҳои дохилии кишвар, хизматҳои бузург дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи амнияти ҷамъиятӣ ва оромии мардум, таъмини бехатарии ҳаракати роҳ, пешгирии ҳодисаҳои нақлиётӣ, татбиқи самараноки пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, инчунин барои иҷрои софдилона ва бошарафонаи вазифаи хизматӣ, содиқ мондан ба савганди муқаддас, намунаи ҷасорату фидокорӣ нишон додан ва иштироки фаъолона дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, инспектори хадамоти роҳбонӣ-патрулии Раёсати бехатарии ҳаракати роҳҳои Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд, сержанти хурд Эшназаров Ҳосилбек Бекназар ўғли (пас аз марг) бо медали «Жасорат» сарфароз гардонида шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Ш. Мирзиёев