Истиқболи ботантанаи иштироккунандагони ҳамоиши «Осиёи Миёна – Чин» баргузор гардид

    Ҳукумат 18 May 2023 5215

    Дар боғи сулолаи Тан дар шаҳри Сиан маросими истиқболи расмии сарони давлатҳои дар нахустин нишасти “Осиёи Марказӣ – Чин” иштироккунанда баргузор шуд.

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва ҳамсарашро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин бо ҳасараш тантанавӣ пешвоз гирифт.

    Дар маросим Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо ҳамсараш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов низ ширкат доштанд. Якҷоя акс гирифта шуд.

    Ба меҳмонони гиромӣ дар майдони назди қаср саҳнаҳои рангини театрӣ ва барномаи консертӣ намоиш дода шуданд, ки таъриху фарҳанги ғании Чинро инъикос мекунанд.

    Чорабиниҳои асосии ин ҳамоиш фардо, 19 май баргузор мешаванд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates