Ширкат қайд кард, ки айни замон дар фурудгоҳи байналмилалии Фарғона барои насби таҷҳизоти замонавӣ, аз ҷумла радиомаяки амали дури DME/NL2700 ва таҷҳизоти радионавигатсионии SP-200 корҳо идома доранд. Ин тадбирҳо ба беҳтар кардани фаъолияти системаҳои аэронавигатсияи фурудгоҳ нигаронида шудаанд.
«Бояд гуфт, ки ин корҳо барои боздоштани фаъолият ва бастани фурудгоҳ асос намедиҳад. Фурудгоҳи байналмилалии Фарғона ба таври муқаррарӣ кори худро идома медиҳад”, - омадааст дар хабари ширкат.
Илова бар ин, дар баробари мусофиркашонии миллӣ ба Фарғона ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз қабили “Turkish Airlines”, «Аэрофлот», «Азимут», «Qanot Sharq», «Centrum Air», «Utair», «Ural Airlines», «S7», «Silk Avia» ва ғайра парвозҳои худро анҷом медиҳанд. Ин ҳавопаймоҳо дар бораи ба таъхир афтодани парвозҳо хабар надодаанд.
«Мусофирон метавонанд маълумоти муҳимро дар бораи парвозҳо дар вебсайти расмии uzairports.com, Telegram бот, инчунин дар Маркази тамос бо рақами +99855 501 45 55" ба даст оранд», — хабар медиҳад Uzbekistan Airports.