Тавре ки Report хабар медиҳад, дар ин бора расонаҳои эронӣ бо истинод ба изҳороти ин ниҳод иттилоъ додаанд.

Дар робита ба ин, Эрон аз Шӯрои амнияти СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ даъват кард, ки шахсони ба ин куштор дастдошта ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

 «Ин гуна амалҳои террористӣ на танҳо иродаи устувори миллати Эронро дар масъалаҳои таъмини амният ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ суст намекунад, балки азми мардум ва мақомоти кишварро барои ҳимояи Ватан боз ҳам қавитар мегардонад» таъкид меёбад дар изҳорот.

Қаблан расонаҳои эронӣ марги Лориҷониро тасдиқ карда буданд. Ҳамчунин, писараш Муртазо Лориҷонӣ ва роҳбари хадамоти муҳофизати котиби Шӯрои амнияти миллӣ Сардар Неҷод низ ҳалок шудаанд. Имрӯз баргузории маросими дафн дар назар аст.