Дар натиҷаи ин ҳамла, ки бо истифодаи силоҳи оташфишон ва ҳавопаймои бекайвон (БПЛА), ки бо гранатаҳо пур карда шуда буд, анҷом ёфт, се корманди ҶДММ «Шоҳин СМ» — шаҳрвандони Чин — ҳалок шуданд.
Ба вуҷуди талошҳои пайвастаи ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати нигоҳ доштани амният ва фароҳам овардани фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Афғонистон, гурӯҳҳои ҷинояткоре, ки дар ҳудуди кишвари ҳамсоя қарор доранд, ҳамоно амалиётҳое анҷом медиҳанд, ки ба ноором сохтани вазъи минтақаҳои марзӣ равона шудаанд, хабар медиҳад сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон mfa.tj.
Ҷониби Тоҷикистон, изҳори нигаронии шадид изҳор намуда, ин амалҳои разилонаи гурӯҳҳои ҷинояткорро шадидан маҳкум мекунад ва аз мақомоти амалкунандаи Афғонистон даъват ба амал меорад, ки барои таъмини субот ва амният дар марзи давлатии ду кишвари ҳамсоя чораҳои муассир андешанд.








