ВКХ Ӯзбекистон: бо давлати Исроил дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ҳуҷҷатҳои дуҷониба имзо шуданд

    25-27 июли соли 2022 ҳайати ҳукуматии Ӯзбекистон оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Давлати Исроил сафари корӣ анҷом дод.

    Дар ҷараёни сафари ҳайат Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Давлати Исроил дар бораи кори муваққатии коргарони ӯзбек дар баъзе бахшҳои бозори меҳнат дар давлати Исроил ва Протокол дар бораи татбиқи Созишномаи мазкур ба имзо расид.

    Ҳуҷҷатҳои мазкур ба танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ нигаронда шуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои кори муташаккил, бехатар ва қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳудуди Давлати Исроил хидмат мекунад, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates