Вазорати энергетика: дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба қадри кофӣ бензин ҳаст, нарх боло нарафтааст

    Энергетика 6 Dekabr 2022 921

    Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо дар бораи камёбии бензини навъи АИ-80 ва бо қимати гаронтар фурӯхта шудани бензин ба миушоҳида мерасанд.

    Бино ба маълумоти Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, айни замон нархи бензини АИ-80 дар стансияҳои сӯзишворирезии ҶС «Ӯзбекнефтегаз» бетағйир боқӣ монда, фурӯши як литри он 6800 сӯмро ташкил медиҳад. Бензини дигар тамғаҳо низ бо ҳамин нарх фурухта мешавад: АИ-92 — нархи як литриаш 9500 сӯм ва АИ-95 — 10500 сӯм.

    Ҳоло дар заводҳои азнавкоркарди нафти ҷумҳурӣ рӯзе 4 ҳазор тонна бензин истеҳсол карда мешавад, ки он ба воситаи савдои музоядаи биржа фурухта, ба эҳтиёҷоти истеъмолкунандагон фиристода мешавад. Ғайр аз ин, захираи кофии бензин мавҷуд аст.

    Соҳибкорони хусусӣ низ бензин ворид мекунанд - аз аввали соли ҷорӣ ба ҳисоби миёна ҳар моҳ 10 ҳазор тонна бензин ворид карда мешавад.

    Ғайр аз ин, ба туфайли афзудани ҳаҷми воридоти ашёи хом барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли бензин тадбирҳо андешида мешаванд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates