Вазорати энергетика: дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Ӯзбекистон маҳдудияти газ вуҷуд надорад

    Энергетика 5 May 2023 1533

    Дар робита ба оғози корҳои таъмирӣ дар "Маҷмӯи гази кимиёи Шӯртан" дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн шуд, ки фишори газ дар лӯлаҳои магистралӣ то муддате паст мешавад.

    Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати энергетика, фишори газ мӯътадил буда, барои маҳдуд кардани фаъолияти нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Ӯзбекистон асосе вуҷуд надорад.

    «Дар ҳоли ҳозир фишори газ дар қубурҳои магистралӣ мӯътадил буда, барои маҳдуд кардани фаъолияти нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ, бахусус, дар ноҳияҳои водӣ ягон асос вуҷуд надорад. Ба мошинҳо назар ба стансияҳои компрессорӣ 10-15% бештар гази табиӣ дода мешавад», - гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати энергетика.

    Қобили зикр аст, ки феълан фаъолияти бархе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба далели он, ки тафтишоти ҳолатҳои ғайриқонунӣ, расонидани зарар ба манфиати давлат ва истеъмолкунандагон идома дорад, муваққатан боздошта шудааст.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates