Вазорати энергетика бо дастгирии воми имтиёзноки Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи "Энергияи тоза барои биноҳои Ӯзбекистон"-ро татбиқ мекунад

    Энергетика 27 Iyun 2022 1013

    Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ ва Фонди байнисоҳавии сарфаи энергия лоиҳаи "Энергияи тоза барои биноҳои Ӯзбекистон"-ро таҳия намуд. Он бо дастгирии қарзи имтиёзноки Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 143 миллион доллар амалӣ мегардад.

    Барои татбиқи лоиҳа Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (АБР), ки ба Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ шомил мегардад, ба ҳукумати Ӯзбекистон бо фоизҳои паст бо мӯҳлаташ 30 сол, аз ҷумла 5 соли имтиёзнок маблағгузорӣ мекунад.

    24-25 майи соли ҷорӣ миёни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба қарз гуфтушунидҳо доир гардид. Роҳбарии ҳайати Ӯзбекистонро муовини якуми вазири энергетика Азим Аҳмадхадҷаев, ҳайати ИДМ-ро роҳбари минтақавии Бонки ҷаҳонӣ Марко Мантованелли бар ӯҳда дошт.

    Бо дарназардошти мавқеи пешсафи Ӯзбекистон дар самти сафарбар намудани иқтидори манбаҳои энергияи барқароршаванда, дастгирии фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ барои саъю кӯшишҳои доимӣ оид ба мубориза бар зидди тағирёбии иқлим, инчунин ҳадафҳои бузург оид ​​ба баланд бардоштани самаранокии энергия, Шӯрои директорони Бонки ҷаҳонӣ якдилона лоиҳаро дастгирӣ намуда, ҷудо намудани қарзи дарозмуддатро аз ҳисоби захираҳои имтиёзноки Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои татбиқи он тасдиқ кард.

    Эътироф шудааст, ки лойиҳаи мазкур дар ташаккули рағбатҳои бозаргонӣ, ки имкони ҷалби сармояро ба соҳаи сарфаи энергия медиҳад ва самарабахшии эгергетикиро дар Ҷумҳурии Ўзбекистон баланд мебардорад, нақши асосӣ мебозад.

    Лоиҳа тамоми ноҳияҳои мамлакатамонро фаро мегирад. Дар доираи он модернизатсияи беш аз 800 муассисаи томактабӣ, маорифи халқ ва тандурустӣ дар назар аст.

    Натиҷаи асосии лоиҳа баланд бардоштани самаранокии энергетикии биноҳои ҷамъиятӣ, инчунин такмил додани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки тартиби ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳоеро ба тартиб хоҳад овард, ки онҳо сарфаи энергия ва истеҳсоли энергияи тозаро ҳавасманд мекунанд. Дар ин бора хидмати матбуоти Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар медиҳад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates