Вазорати энергетика: вазъ дар кони “M-25” устувор аст — ҳама равандҳо таҳти назорати мутахассисон қарор доранд

    Энергетика 4 Noyabr 2025 820

    Дар чоҳи гази рақами 202-юми кони “M-25”, воқеъ дар ноҳияи Бойсун, ҳолате мушоҳида шуд, ки шӯълаи қаблан афрӯхташуда муваққатан хомӯш гардид. Мутахассисон ин ҳолатро бо раванди табиии геологӣ шарҳ медиҳанд.

    2 ноябри соли ҷорӣ дар чоҳи гази рақами 202-юми кони “M-25”, воқеъ дар ноҳияи Бойсун, ҳолати муваққатан хомӯш гардидани шӯълаи қаблан афрӯхташуда мушоҳида шуд.

    Тибқи иттилои мутахассисон, ин ҳолат дар натиҷаи тағйироти табиии геологӣ дар кон ба вуҷуд омадааст. Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии моддаҳои зараровар ба ҳаво, газ фавран дубора афрӯхта шудааст.

    Таъкид мегардад, ки ин амал як усули стандартӣ барои ҳифзи муҳити зист буда, пурра ба талаботи амнияти байналмилалии саноатӣ ҷавобгӯ мебошад.

    Ҳоло вазъ дар кон устувор аст ва ҳамаи равандҳо таҳти назорати доимии мутахассисон қарор доранд.

    Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки ин ҳолат дар ҷараёни корҳои танзими кон ба амал омада, ҳеҷ гуна ҳодисаи ногаҳонӣ ё фавқулода ба қайд гирифта нашудааст.

    Барои маълумот бояд гуфт, ки ин ҳодиса бо зилзилаи соати 01:29 шаби 3 ноябри соли 2025 ҳеҷ гуна иртиботе надорад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates