Вазорати энергетика: дар рӯзҳои наздик нерӯгоҳи нав дар наздикии Тошканд ба интиқоли нерӯи барқ ​​шурӯъ мекунад

    Энергетика 23 Dekabr 2021 958

    Тавре қаблан хабар дода шуда буд, ширкати туркии “Aksa Enerji” лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи буғугазии иқтидораш  240 МВт ва нерӯгоҳи газупоршении иқтидораш 230 МВтро дар вилояти Тошканд дар пойгоҳи сектори  давлатию хусусӣ татбиқ менамояд.

    Дар объект корҳои сохтмону васлкунӣ ва ба истифода додан давом дорад. Дируз, 22 декабрь ба таҷҳизоти кушодаи тақсимотии нерӯгоҳи барқӣ аввалин шиддат дода шуд. Дар навбати худ, дар айни ҳол таҷҳизоти ёрирасони восита ба кор андохта мешавад.

    Дар зарфи 7-8 рӯзи наздик нерӯгоҳи барқӣ ба шабакаи ягонаи электрикии Ӯзбекистон пайваст шуда, ба додани қувваи электр шуруъ мекунад.

    Ба кор андохта шудани нерӯгоҳи барқӣ соле 3,9 миллиард киловатт-соат қувваи электр ҳосил мекунад. Худи лоиҳа соле 550 миллион мукаабметр гази табииро сарфа мекунад.

    Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи сармоягузорӣ дар асоси шарикии давлатию хусусӣ тибқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 13 августи соли 2020 № ҚП-4807 ва № ҚП-5018 аз 4 марти соли 2021 амалӣ карда мешавад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates