Вақтҳои охир ҳолатҳои истифодабарии ғайриқонунии захираҳои энергетикӣ, махсусан гази табиӣ, аз ҷониби истеъмолкунандагон зиёд гардидааст. Ин ба таври асосӣ бо васеъшавии миқёси рақамисозии соҳа ва такмил ёфтани системи назорат алоқаманд аст.
Инак, мувофиқи маълумоти «Ӯзэнергоинспекция», аз 1 декабри соли 2024 то 15 феврали соли ҷорӣ 167 ҳолати истифодабарии ғайриқонунии гази табиӣ муайян шудааст. Дар натиҷаи истеъмоли ғайриқонунии 82,158 миллион метри мукааб газ, ба давлат 210,428 миллиард сӯмина зарар расидааст. Бар асоси ин қонуншиканиҳо 50,89 миллион метри мукааб гази табиӣ ба маблағи 117,3 миллиард сӯм аз нав ҳисоб карда шуд.
Ҳамчунин дар ин давра аз фурӯши ғайриқонунии 77,8 тонна (36 ҳазор метри мукааб) гази моеъ дар 4942 баллони гази маишӣ пешгирӣ карда шуд.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии гази табиии ғайриқонунӣ истифодашуда 133,0849 миллион метри мукаабро ташкил додааст. Ин ҳаҷми газ муодили масрафи ҳармоҳаи зимистонаи 266 170 хонавода аст. Гузашта аз ин, дар сурати истифодаи оқилонаи ин манобеъ, метавонист нуқтаҳои пуркунии метан то 10 рӯз пайваста кор кунанд.
Аз рӯи ҳамаи ҳолатҳои ошкоршуда ҳуҷҷатҳои дахлдор тартиб дода, ба мақомоти танзимкунанда пешниҳод карда шуданд.
Барои пешгирӣ аз истеъмоли ғайриқонунии газ аз ҷониби Прокуратураи генералӣ, «Узэнергоинспекция» ва дигар мақомоти масъул тадбирҳои доимии назоратӣ гузаронида мешаванд.