Вазорати энергетика: дар се минтақаи кишвар дар зарфи се моҳ се неругоҳи нави барқии ҳароратӣ ба истифода дода шуд

    Энергетика 14 Mart 2022 1517

    Дар Ӯзбекистон тибқи қарорҳои Президенти кишвар нерӯгоҳҳои нави замонавии ҳароратӣ (НБҲ) сохта, ба истифода дода мешаванд. Аз аввали соли ҷорӣ дар манотиқи кишвар се нерӯгоҳи нави ҳароратӣ бо иқтидори умумии 684 МВт ба истифода дода шуд.

    Якуми онҳо 11 январи соли 2022 дар ноҳияи Бухорои вилояти Бухоро НБҲ-и газупоршнии иқтидораш 270 МВт ба истифода дода шуда буд;

    Дуюм — ин таҷҳизоти буғугазии иқтидораш 240 МВт, ки 14 январ дар ноҳияи Қибрайи вилояти Тошканд ба истифода дода шуд;

    Неругоҳи нави барқии ҳароратии иқтидораш 174 МВт, ки дар ноҳияи Янгиариқи вилояти Хоразм сохта шудааст, 10 март ба кор шурӯъ кард.

    Ин се неругоҳи барқӣ дар як сол ҷамъ 5,6 миллиард киловатт-соат қувваи барқ ҳосил мекунад. Аз ҳисоби ҷорӣ намудани техника ва технологияи сарфаи энергия соле 725 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа карда мешавад.

    Гази табиии сарфашуда имкон медиҳад, ки ба таври илова 2,7 миллиард киловатт-соат қувваи электр ҳосил карда шавад.

    Бино ба иттилои хидмати матбуоти Вазорати энергетика, то охири моҳи март дар ноҳияи Қибрайи вилояти Тошканд чорумин нерӯгоҳи нави ҳароратӣ бо иқтидори 230 МВт ба истифода дода мешавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates