Вазири молия бо намояндагони ширкати "ACWA Power"-и Арабистони Саудӣ мулоқот кард

    Вазири молия Тимур Ишметов бо намояндагони ҳайат таҳти роҳбарии раиси Раёсати ширкати "ACWA Power" -и Арабистони Саудӣ Муҳаммад Абунаён мулоқот кард.

    Дар вохӯрӣ, ки раиси раёсати “AlMuhaidibGroup” Сулаймон ал Муҳайдиб, ноиби президент оид ба рушди тиҷорати ширкати “ACWA Power” Toм Teлинк, муовини аввали вазири молия Омонулло Насритдинхӯҷаев ва мутахассисони масъул ширкат доштанд, лоиҳаҳои аз ҷониби ширкат амалишуда ва дурнамои ҳамкорӣ дар Ӯзбекистон баррасӣ шуданд.

    Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди бозори сармоя дар Ӯзбекистон, трансформацияи корхонаҳо ва бонкҳо бо иштироки давлат, ислоҳоти шарикии давлатию хусусро баррасӣ карданд, инчунин ба созиш омаданд, ки ҳамкориро дар доираи самтҳои мавҷуда ва нав густариш диҳанд, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Вазорати молия.

    Барои маълумот: дар асоси шарикии давлатию хусусӣ бо ширкати “ACWA Power” се лоиҳа татбиқ карда мешавад. Ин сохтмони нирӯгоҳи барқии гармии иқтидораш 1500 МВт дар вилояти Сирдарё, сохтмони ду нерӯгоҳи барқии ҳар якаш 500 МВт дар вилояти Бухоро ва лоиҳаи нав оид ба истеҳсоли қувваи барқ дар асоси захираҳои барқароршавандаи иқтидори умумиаш 1500 МВт дар се ноҳияҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates