Вазири ТИК бо асосгузори “EPAM Systems” мулоқот анҷом дод

    24 январи соли 2022 мулоқоти онлайнии вазири рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов бо асосгузор, президент ва раиси шӯрои директорони «EPAM Systems» Аркадий Добкин ба амал омад.

    Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди истеъдодҳо дар Ӯзбекистон, ҳамчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи IT-ро баррасӣ карданд.

    Роҳбари ширкати “EPAM Systems” омодагӣ ва хоҳиши худро барои оғоз кардани ифтитоҳи донишгоҳи онлайн дар Ӯзбекистон, ки ба ҷавонон бо таҳсилоти босифат ва омодасозии мутахассисони соҳибихтисос дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ мусоидат мекунад, нишон дод.

    Вазири ТИК Ш.Шерматов дар навбати худ қайд намуд, ки Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия ва IT-парк омодаанд, ки якҷоя бо ширкати “EPAM Systems” барои ифтитоҳи ин донишгоҳ кор оғоз намуда, барои татбиқи бомуваффақияти лоиҳа кумаки ҳамаҷониба расонанд.

    Вазир илова намуд, дар Ӯзбекистон барномасозони дорои экспертиза ва таҷриба дар сатҳи байналмилалӣ намерасанд, аз ин рӯ, барои тағйири ин вазъ ва афзоиши шумори онҳо, овардани мутахассисони хориҷӣ дар назар аст. Онҳо, дар навбати худ, лои-ҳакашони маҳаллиро меомӯзонад ва дар давоми 3-5 сол бо онҳо таҷриба иваз мекунад. Вазир ҳамчунин қайд кард, ки тамоми имконро ба харҷ хоҳад дод, то будубоши мутахассисони хориҷӣ дар Ӯзбекистон то ҳадди имкон бароҳат бошад.

    Аз ҷумла, Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия ба IT мутахассисони хориҷӣ имкониятҳои зеринро ҳангоми релокатсия тақдим менамояд:

    дастгирӣ дар қайди муваққатӣ, расмигардонӣ ва пешниҳоди IT-виза дар доираи қарор доштан дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

    мусоидат дар ҷустуҷӯ ва пешниҳоди манзили иҷора дар доираи қарор доштан дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

    дар муассисаҳои таълимӣ (боғча, мактаб ва ғайра) ҷойгир кардани аъзоёни оила (хешовандони наздик);

    пешниҳоди воситаҳои шабакавӣ ва алоқа (алоқаи мобилӣ, Интернет ва ғ.);

    ташкил кардани сафарҳои сайёҳӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    Аркадий Добкин ҳамчунин таъкид кард, ки тайи чанд соли оянда ният дорад, ширкати «EPAM Systems»-ро дар Ӯзбекистон ба таври васеътарин ривоҷ диҳад. Вай қайд кард, ки дар баъзе кишварҳо рушди пурраи ширкат ба 10 сол мерасад ва дар Ӯзбекистон ин метавонад дар давоми 3-5 сол анҷом шавад, хабар медиҳад маркази матбуотии вазорат.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates