Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ҳайати парлумони Британияи Кабирро ба ҳузур пазируфт

    15 майи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов бо ҳайати парлумонии Британияи Кабир таҳти роҳбарии раиси Кумитаи корҳои хориҷии Палатаи ҷомеаҳо Алисиа Кёрнс мулоқот намуд.

    Ҷонибҳо оид ба густариши мулоқоти сиёсиву дипломатии Ўзбекистон-Британия, пурзӯр намудани дипломатияи парлумонӣ, нигоҳ доштани ҳамкориҳои конструктивӣ дар арсаи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

    Дар гуфтушунид масъалаҳои вусъат додани алоқаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, зиёд кардани ҳаҷми муомилоти мол ҷои муҳимро ишғол карданд. Тайёрии ҷонибҳо барои андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати тавсеаи табодули фарҳангӣ ва башардӯстона тасдиқ карда шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates