Вазири мудофиаи Қирғизистон ба Самарқанд ташриф овард

    Сарҳади ҳарбӣ 29 Mart 2022 1053

    Дар ҷараёни сафари расмӣ ба Ӯзбекистон ҳайати низомӣ таҳти роҳбарии вазири дифои Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-лейтенант Бактибек Бекболотов бо ёдгориҳои таърихии Самарқанди бостонӣ ва абадӣ ҷавон шинос шуд.

    Дар фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд меҳмононро ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ва роҳбарияти фармондеҳии округи марказии ҳарбӣ пешвоз гирифтанд.

    Аъзоёни ҳайати вакилон бо ёдгориҳои археологӣ ва меъмории Самарқанд, ки таърихи қариб 3000-сола доранд ва дар давоми асрҳо аз тарафи халқи мо эҳтиёткорона ҳифз карда мешаванд, шинос шуданд. Ёдгориҳои бостонии меъморӣ ва биноҳои боҳашамати шаҳрро аз назар гузаронда, ба Округи марказии харбӣ ташриф оварданд.

    Дар анҷоми боздид ба меҳмонон аз ҷониби фармондеҳии округ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд, хабар медиҳад ӮзА.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates