Вазири мудофиаи Ӯзбекистон ҳайати низомии ИМА-ро пазируфт

    Сарҳади ҳарбӣ 14 Iyun 2022 2090

    13 июн дар Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон вазири мудофиа генерал-лейтенант Баҳодир Қурбонов ҳайати ҳарбии ИМА-ро таҳти роҳбарии фармондеҳи Қумондонии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Иёлати Муттаҳидаи Амрико генерал Майкл Эрик Курилла қабул кард.

    Зимни мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои Ӯзбекистон ва ИМА дар дар асоси тамоюлҳои баробарҳуқуқӣ, эътимод ва эҳтироми мутақобила инкишоф ёфта, ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадаанд.

    Ҷонибҳо вазъ ва ҷанбаҳои муҳими ҳамкориҳои вазоратҳои дифои ду кишвар, инчунин дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, ки ба таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ, шарикӣ дар соҳаҳои низомӣ ва ҳарбию техникӣ равона шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

    Дар доираи ташриф меҳмонон бо ҷойҳои ҷолиби диққати шаҳри Самарқанд шинос шуданд, хабар медиҳад Департаменти иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates