Дар доираи конфронс вазири адлия дар бораи миқёси ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон дар соҳаи таъмини озодии виҷдон татбиқ мегардад, нақл кард.
Вай таъкид кард, ки дар ҷумҳурӣ барои фаъолияти озодонаи созмонҳои динии 16 конфессияи ҷумҳурӣ шароит фароҳам оварда шуда, баҳри таъмини ҳамзистии осоиштаи намояндагони беш аз 130 миллат, таҳаммулпазирии динӣ ва ваҳдати байни миллатҳо ҳамчун самти афзалиятнок кӯшиш ба харҷ дода мешавад.
Зимни суханронии худ Русланбек Давлетов ҳамчунин иштирокдорони конфронсро ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт бо назардошти вазъи минтақа ва чолишҳои нав даъват кард, хабар медиҳад шуъбаи оид ба робита бо ҷомеаи Вазорати адлия.