Мувофиқи ҳуҷҷат, шахсе, ки аз аттестатсияи ниҳоии давлатӣ нагузаштааст, тибқи аризаи худ ҳуқуқ дорад дар тӯли ҳар як соли таҳсили минбаъда (дар давоми се сол) то ду маротиба аз нав имтиҳон супорад.
Мувофиқи тартиби қаблӣ хатмкунанда ҳуқуқ дошт, ки дар солҳои минбаъда дар сурати нагузаштани имтиҳони ниҳоии тахассусии давлатӣ дубора ҳуҷҷат супорад. Ин вазъият дар назди донишҷӯ як катор душвориҳоро ба амал овард, аз ҷумла, боиси дар тӯли сол гум кардани вақти гаронбаҳои худ мегардид.
Ҳоло донишҷӯён имкон доранд, ки вобаста ба дархостҳои такрорӣ дар як сол то ду маротиба имтиҳонҳои давлатиро дубора супоранд, хабар медиҳад бахши робита бо ҷомеаи Вазорати адлия.