Вазорати тандурустӣ аз шаҳрвандони Ӯзбекистон даъват мекунад, ки сари вақт бар зидди коронавирус эм карда шаванд

    Тандурустӣ 9 Fevral 2022 1501

    Дар моҳи январи соли ҷорӣ дар беморхонаҳои сироятии Зангиота 8601 нафар беморон бистарӣ шуданд, ки аз ин шумора 6856 нафарашон пиронсолон, 811 нафар занони ҳомила ва 934 нафар кӯдакон мебошанд.

    Мутаассифона, 8243 нафари онҳо зидди коронавирус эм карда нашудаанд. Танҳо 358 бемор, яъне 4,1 фоизи беморони дар беморхона бистаришуда қаблан ваксинаҳои зидди COVID-19 гирифтаанд. Дар байни онҳо ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта нашудааст.

    Баръакс, дар беморони ваксиннашуда беморӣ дар шаклҳои вазнин ва ниҳоят вазнин идома дошта, дар баъзе мавридҳо бо марг анҷом ёфт.

    Вобаста ба ин, Вазорати тандурустии Ӯзбекистон бори дигар ҳамватанонро даъват мекунад, ки ба саломатии худ эҳтиёткор бошанд, ваксина ва вояи бустерии зидди коронавирус гиранд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates