Самти аввал ба вазифаҳои таъхирнопазир оид ба минбаъд такмил додани хизматрасонии перинаталӣ дар ҷумҳурӣ нигаронида шудааст.
Дар байни онҳо — баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кормандони соҳаи тиб, ки ба ҳифзи модару кӯдак тахассус доранд, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои тиббӣ, наҷот додани ҳаёти кӯдакони камвазн ва дигар чорабиниҳои муҳим.
Самти дуюм эмгузаронии кӯдаконро аз рӯи ҷадвали миллии эмгузаронӣ, муҷаҳҳаз сохтани иншооти санитарии мавҷуда бо таҷҳизоти замонавӣ ва ба ин васила такмил додани равандҳои эмкунӣ дар кишвари мо дар бар мегирад.
Ба ғайр аз ин, лоиҳаҳои бузург татбиқ хоҳанд шуд, ки ба беҳдошти таъминоти оби як қатор мактабҳои таълими ҳамагонии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, нигаронда шудаанд, ки барои ҳолати санитарию гигиенӣ ва сиҳҳатии хонандагон аҳамияти муҳим доранд. Он ҳамчунин ҳалли як қатор масъалаҳо, аз қабили пешгирии норасоии йод ва камхунӣ дар кӯдаконро фаро мегирад.
Соҳаи сеюм аз тадбирҳое иборат аст, ки мақсад аз онҳо беҳтар намудани хӯроки модарону кӯдакон мебошад. Дар байни онҳо чунин вазифаҳои муҳим, ба монанди бо оҳан ва кислотаи фолӣ таъмин намудани кӯдакони 6-23-моҳа ва занони то 35-сола, дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ тартиб додани андозаҳои озуқаворӣ мебошанд.
Самти охирин баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббиро ба наврасон дарбар мегирад. Дар доираи он лоиҳаҳо аз қабили таҳияи стратегияи миллии беҳдошти саломатии мактаббачагон, тайёр кардани барномаҳои таълимии кормандони соҳаи тиб, ки ба наврасони ин синну сол хизмат мерасонанд, таъсиси платформаи таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон ба амал бароварда мешавад.
Умуман, татбиқи «харитаи роҳ»-и дуҷониба ба таҳкими саломатии модару кӯдак дар кишвари мо, баланд бардоштани сатҳи дониш ва тахассуси кормандони соҳаи тиб дар ин самт хизмат хоҳад кард, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.